Ссылки доступа

Фаронса аз бад шудани вазъият дар шарқи Украина нигарон аст


Фаронса ба унвони ширкаткунандаи чаҳоргонаи нормандии музокироти ҳалли бӯҳрони Донбасс аз афзоиши мавридҳои вайроншавии муқаррароти оташбас дар шарқи Украина нигарон аст.

Баёнияи вазорати корҳои хориҷии Фаронса ба дунболи хабари тирпарронӣ сӯи гурӯҳи нозирони САҲА дар наздикии деҳаи Зайтсево дар 50-километрии шимолу шарқи шаҳри Донетск, пахш шуд. То кунун хабар дода нашудааст, ки ин тирпаррониро кӣ анҷом додааст. Дар як ҳафтаи ахир бори дувум аст, ки сӯи нозирони байналмиллалӣ тирпарронӣ мешавад. Ҳодисаи аввалӣ 7-уми апрел рух дода, касе дар он осеб надидааст.

“Ҳодисаҳои ахире, ки бо нозирон дар наздикии хатти тамос рух доданд, ғайри қобили қабуланд”, - гуфта шудааст дар баёнияи вазорати корҳои хориҷии Фаронса. Фаронса аз ҳар ду ҷониби даргир хостааст, ки дастрасии бемамонияти САҲА ба минтақаҳои таҳти назорати онҳоро таъмин кунанд. Порис таъкид мекунад, ки ҳалли мушкил дар Донбасс танҳо дар сурате имконпазир мешавад, ки ҷонибҳо созишномаи сулҳи Минскро комилан риоя кунанд.

10-уми апрел намояндаи сиёсати хориҷии Аврупо Федерико Могеринӣ низ ҳодисаҳои ахири тирпарронӣ ба сӯи нозирони САҲА-ро ғайри қобили қабул унвон карда, аз ҷонибҳо хост, аз чунин амалҳо худдорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG