Ссылки доступа

Сарвазир ва ҳукумати Қирғизистон истеъфо доданд


Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон фармони истеъфои сарвазир ва ҳукумати ин кишварро имзо кард. Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон хабар медиҳад.

"Истеъфои сарвазир Сариев Темир Аргембаевич қабул аст. Ҳукумат низ ба истеъфо биравад", - гуфта шудааст дар матни фармон.

Сарвазир, ноиб-сарвазир ва дигар аъзои ҳукумат то ташкили девони нави вазирон фаъолияти худро идома медиҳанд.

Ёдрас мешавем, овозаи истеъфои сарвазири Қирғизистон баъди ошкор гардидани камбудиҳо дар тендери бозсозии роҳи мошингарди Баликчи - Тамчи - Чолпон-Ата - Корумду паҳн шуд.

Вазири нақлиёт ва комуникатсияи Қирғизистон Аргинбек Малабоев дар ҷаласаи комиссияи вакилон гуфт, муовини вай Улан Уезбоев, намояндагони ширкати чинӣ ва одамони наздик ба сарвазир аз манфиатҳои ширкати "Лонг Хай" дар ин тендер ҳимоят кардаанд. Сарвазир ва муовини вазири нақлиёт ин иттилоъро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG