Ссылки доступа

Дар Қирғизистон Маркази таҳқиқоти вазъи динӣ боз шуд


Дар Қирғизистон имрӯз, 12-уми апрел Маркази таҳқиқоти вазъи динии ин кишвар таъсис ёфт, ки дар ҳамоҳангӣ бо Комиссияи давлатии корҳои динӣ фаъолият хоҳад кард.

Тибқи иттилоъ, ин марказ таҳқиқот, корҳои омӯзишӣ ва назорат дар арсаи динро анҷом дода, ҳамчунин бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ ва табодули иттилоъ мекунад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ солҳои охир созмонҳои ифротгаро ва тундгарои динӣ фаъол шудаанд. Нахустин хабар дар бораи ширкати шаҳрвандони Қирғизистон дар сафи ифротгароҳо дар Сурия ва Ироқ се сол пеш рӯ зада буд. Тибқи иттилои расмӣ, дар ин муддат беш аз 500 шаҳрванди Қирғизистон барои ширкат дар ҷанг ба ин кишварҳо рафтаанд.

Мақомот талош мекунанд барои пешгирӣ аз тундгароии динӣ корҳои бештаре анҷом диҳанд. Маркази таъсисшуда дар мавриди дин машварат дода, пешниҳодҳои пешгирӣ ва вокуниш ба низоъҳоро фароҳам мекунад. Ҳамчунин ин марказ кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва сохторҳои мақомоти маҳаллиро дар масъалаҳои динӣ бозомӯзӣ карда, ба бештар шудани донишҳои динии аҳолӣ мусоидат мекунад.

XS
SM
MD
LG