"Гройсман тавонист, ки ҳастаи ислоҳотхоҳиро дар ҳукумати нав ҳифз кунад", - навиштааст Дмитрий Столярчук.
Рӯзи душанбе вакили парлумон Мустафо Найем хабар дод, ки дар пайи баҳси кадрӣ Гройсман аз роҳбарии ҳукумати нав даст кашидааст. Баъдтар вакили дигар Максим Курячий гуфт, Найем дар эълони нақшаҳои Гройсман каме шитоб кардааст. Ҳамчунин гуфта мешуд, ки агар дар девони вазирон кори дастҷамъона ба роҳ монда нашавад, Гройсман наметавонад раиси ҳукумат бошад.
Арсений Ятсенюк, ки аз моҳи феврали соли 2014 раисии ҳукуматро бар душ дошт, 10 апрел истеъфо дод. Ятсенюк гуфт, ба далели буҳрони сиёсӣ, ки ҳанӯз 16 феврал дар Украина сар задааст, истеъфо медиҳад. Он замон парлумон гуфта буд, ки фаъолияти девони вазирон дар соли гузашта ғайриқаноатбахш буд. Аммо "ба далели ҳаммаслакии олигархҳо ва президент Порошенко" парлумон натавонист, ки ҳукуматро барканор кунад.