Ссылки доступа

ИМА аз шикасти оташбаси Сурия шадидан нигарон аст


Иёлоти Муттаҳида аз афзоиши хушунат дар Сурия дар остонаи даври нави гуфтушуниди сулҳи ин кишвар, ки дар Женева миёни намояндагони расмии Димишқ ва мухолифони Сурия баргузор хоҳад шуд, шадидан нигарон аст.

Сухангӯи департаменти давлатии ИМА Марк Тонер гуфт, масъулияти асосии шикасти оташбас дар души артиши Сурия аст. Вай ҳамчунин гуфт, ин матлабро котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ дар суҳбати телефонӣ бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар миён гузоштааст.

ИМА аз он нигарон аст, ки артиши Сурия ба шаҳри Ҳалаб, ки зери назорати нерӯҳои мухолиф қарор дорад, наздик мешавад, то ба ин шаҳр ҳамла кунад. "Агар артиш ба ин шаҳр ҳамла кунад, ин маънои онро дорад, ки шартномаи оташбас вайрон шудааст", - гуфт намояндаи департаменти давлатии ИМА.

Ҳамзамон дар мавриди омодагии Димишқ ба раванди сиёсие, ки қарор аст, бо ивазшавии ҳукумати Сурия анҷомад, шубҳаҳои наве пайдо мешаванд. Нашрияи The Wall Street Journal менависад, намояндагони ҳукумати Сурия дар даври нави музокирот пешниҳод мекунанд, ки ҳукумати Башор Асад дар сари қудрат боқӣ монад.

XS
SM
MD
LG