Ссылки доступа

Раиси порлумони Қирғизистон истеъфо дод


Раиси порлумони Қирғизистон Асилбек Жэнбеков истеъфо дод. Вай истеъфояшро дар ҷаласаи имрӯзии парлумон эълон кард.

Ба гуфтаи Асилбек, вай ду бор раиси порлумон интихоб шудааст. "Ба далели ин ки номзадии бародари калонии ман ба вазифаи сарвазирии Қирғизистон баррасӣ мешавад, аз 10 апрел ман довталабона аз раисии порлумон даст кашидам", - гуфтааст Асилбек Жээнбеков.

Аз номзадии Сооронбой Жээнбеков, бародари раиси порлумон, ба мақоми сарвазирии Қирғизистон ҳамаи ҷиноҳҳои маҷлиси қонунгузор ҷонибдорӣ карданд.

То интихоби раиси нав ҷаласаҳои порлумониро ноиби раиси он Нурбек Алимбеков роҳбарӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG