Ссылки доступа

Созмони Милал раҳбари нав меҷӯяд


Рӯзи сешанбе бори аввал дар таърихи СММ аъзои Маҷмааи умумӣ ба баррасии номзадҳо ба мақоми дабири кулли СММ пардохтанд.

Дар рӯзи аввали ҷаласа аз 9 номзад се нафар: вазири корҳои хориҷии Черногория Игор Лукшич, Комиссари олии пешини СММ дар умури паноҳандагон Антониу Гуттереш ва раҳбари ЮНЕСКО Ирина Бокова дар назди ҳозирин суҳбат кардаанд. Москва аз номзадии Ирина Бокова пуштибонӣ карда, гуфтааст, ба мақоми дабири кулли навбатии СММ бояд намояндаи Аврупои Шарқӣ интихоб шавад. Номзадҳо нуқтаи назари худро дар мавриди ояндаи ин созмони бузургтарини байналхалқӣ баён кардаанд.

Тибқи анъана ҳаққи интихоби номзад ба мақоми дабири кул аз Шӯрои Амнияти СММ буд, аммо бар асоси тағйири ахир дар сохтори Созмони Милал, номзад дар ҷаласаи Маҷмааи Умумӣ баррасӣ ва пешниҳод хоҳад шуд. Номзадҳои баргузидашуда дар моҳи июли соли ҷорӣ дар Шӯрои амнияти СММ баррасӣ хоҳанд шуд.

Нахуствазири пешини Словения, вазирони собиқи корҳои хориҷии Молдова, Хорватия, Македония ва нахуствазири пешини Зеландияи Нав ба унвони номзад ба мақоми дабири кулли СММ низ сабт шудаанд.

XS
SM
MD
LG