Ссылки доступа

Муҳоҷирони тоҷикро дар ҷануби Қирғизистон ғорат кардаанд


Дар Ҷалолободи Қирғизистон ба як микроавтобуси муҳоҷирони тоҷик, ки 18 мусофир дошт, ҳамлаи ғоратгарона сурат гирифтааст. Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар дод.

Бино бар хабари ин ниҳод, мусофирон аз Тоҷикистон ба Русия равон буданд ва дар роҳ аз ронанда хоҳиш карданд, мошинро боздорад. Ҳангоми бозистодани микроавтобус чаҳор ҷавони мусаллаҳи ниқобпӯш вориди он шудаанд. Онҳо мусофирон зери таҳдиди туфангча берун бароварда, дар рӯйи замин парӯ хобондаанд.

Гуфта мешавад, ғоратгарон бору колои мусофиронро тагурӯ карда, маблағи баробар бо зиёда аз 100 ҳазор сомро рабуданд ва аз ҷойи воқеа ғайб задаанд. Ҳеҷ яке аз мусофирон ба онҳо муқобилият накарда ва касе аз онҳо осеб надидааст.

ВКД-и Қирғизистон аз боздошти чаҳор нафаре хабар медиҳад, дар содир кардани ин ҷиноят гумонбар дониста мешаванд.

XS
SM
MD
LG