Ссылки доступа

Баҳри Балтика: амалҳои хатарноки ҳавопаймоҳои низомии Русия


Амрикоиҳо мегӯянд, ки амалҳои халабонҳои ҳавопаймоҳои русӣ дар фарози баҳри Балтика хатарноканд ва метавонанд ба иштибоҳ ё ҳодисаи нохуш сабаб шаванд.

Нерӯҳои мусаллаҳи ИМА аксҳо ва видеоеро паҳн кард, ки дар он амалҳои хатарноки ҳавопаймои низомии Су-24-и Русия дар наздикии киштии низомии амрикоии “Доналд Кук” дар баҳри Балтика дида мешавад.

Намояндаи фармондеҳии Аврупоии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА парвози ҳавопаймои низомии рус дар баландии андак ва дар наздикии киштии низомии амрикоиро “таҳдидовар” номид.

“Мо аз амалҳои хатарнок ва ғайрикасбии ҳавопаймои низомии рус нигаронии амиқ дорем”, - гуфт намояндаи фармондеҳӣ.

“Чунин амалҳо робитаҳои миёни ду кишвари моро метавонанд душвортар кунанд ва дар сурати рух додани иштибоҳ ё ҳодисаи нохушу боиси ҳалокат ё захмӣ шудан гардад”, - зикр шудааст дар баёния.

Дар хабар гуфта мешавад, ки чунин амалҳо бо киштии низомии “Доналд Кук” 11 ва 12-уми апрел дар обҳои байналмилалӣ рух додаанд.

XS
SM
MD
LG