Ссылки доступа

ИМА вазъи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон танқид кард


Департаменти давлатии ИМА дар гузориши навбатии худ дар бораи риояи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон дар соли 2015 боз ҳам аз мақомоти Точикистон интиқод кард, ки иддао мешавад ҳуқуқи шаҳрвандон ва мухолифони сиёсиро маҳдуд месозанд.

Дар гузориш дар бораи дар дасти ҳокимияти иҷроия тамаркуз ёфтани қудрат дар Тоҷикистон зикр шуда, ин кишвар “худкома” унвон мешавад.

Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки Конститутсияи кишвар бисёрҳизбиро пешбинӣ кардааст, аммо дар як соли охир мушоҳида мешавад, ки “ҳукумат аз гуногунандешии сиёсӣ монеъ мешавад”. Онҳо аз назорати шадиди ниҳодҳои амниятӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва интихоботи порлумонии соли 2015 ёдовар шуданд, ки ба эътиқоди нозирони байналмилалӣ дар шароити набуди гуногунандешии сиёсӣ ва интихоби воқеӣ баргузор шуданд.

Дар гузориш ҳамчунин зикр мешавад, ки шиканҷа ва муомилаи дурушт, таъқиби фаъолиятҳои сиёсӣ, маҳдудияти озодии баён ва дастрасӣ ба иттилоъ, аз ҷумла тавассути қатъ сохтани дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ мушкилоти асосии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонанд.

Департаменти давлатӣ зикр мекунад, ки дар кишвар адолати судӣ вуҷуд надорад, то ҳол боздоштҳои ғайриқонунӣ сурат гирифта, шароити нигаҳбонӣ дар зиндонҳо барои ҳаёт хатарноканд ва ба нозирони байналмилалӣ иҷоза намедиҳанд, ки аз маҳбасхонаҳо дидан кунанд.

XS
SM
MD
LG