Ссылки доступа

Путин президенти ИМА Обамаро "одами дуруст" номид


Президенти Русия Владимир Путин Барак Обама, президенти ИМА-ро фарди шоиста номид. Роҳбари Русия дар "Тамоси мустақим" дар посух ба изҳороти ҳамтои амрикоияш, ки гуфт, амалиёти Иёлоти Муттаҳида дар Либиё иштибоҳ буд, ин ҳарфҳоро зад.

Бо ин вуҷуд, ба андешаи Путин, "иштибоҳҳои ИМА идома доранд. Ин иштибоҳро метавонистанд дар Сурия низ такрор кунанд", - гуфт Путин.

Дар соли 2011 ИМА ва дигар кишварҳо барои ҳифзи сокинони осоишта мавзеъҳои нерӯҳои ҳукуматии Либияро бомбаборон карданд. Аммо баъди он ки роҳбари Либия Муамар Қаззофӣ аз сӯи шӯришгарон кушта шуд, вазъи ин кишвар бадтар гардид. Дар натиҷа яке аз ноҳияҳои Либияро ҷангҷӯёни гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ғасб карданд.

Замони амалиёти низомии Русия дар Сурия созмонҳои ҳомии ҳуқуқи байналхалқӣ Кремлро борҳо дар ҷиноятҳои ҷангӣ, аз ҷумла тахриби масҷидҳо, бозорҳо, беморхонаҳо ва мактабҳо ва ҳамчунин истифодаи бомбаи хушаӣ муттаҳам карданд. Вазири мудофиаи Бритониё Майкл Фаллон гуфта буд, ҳамлаи ҳавопаймоҳои Русия ба шаҳрҳо ва деҳаҳои зери назорати мухолифон "ҷангро ба дарозо мекашад" ва "режими" президент Башор Асадро тақвият мебахшад.

Кремл ин ҳамаро "ҳамлаи иттилоотӣ" меномад.

XS
SM
MD
LG