Сарфи назар аз ин ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бисёр ҳолат аз Федератсияи Русия пайравӣ мекунанд, таҷрибаи "тамоси мустақим"-и президент Владимир Путин бо сокинон ва расонаҳо ин ҷо пайраве пайдо накардааст. Дар бархе аз ин кишварҳо ҳатто нишасти хабарии раҳбари давлат хеле кам баргузор мешавад.
Дар ҳамин ҳол мардум дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мулоқотҳои коргардонишудаи президент бо фаъолон одат кардаанд. Ҳамзамон, таҷрибаи хабарнигори бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ нишон дод, ки сарфи назар аз зиндагии душвор дар мусофират - муҳоҷирони ӯзбек намехоҳанд аз президенташон суоле бикунанд. Ин назарпурсӣ 14 апрел, дар рӯзе баргузор гашт, ки наздики 100 муҳоҷир дар Москва аз хӯрок заҳролуд ва бистарӣ шуданд.