Ссылки доступа

Додгоҳи олии ИМА дастури Обамаро меозмояд


Имрӯз Додгоҳи олии ИМА мехоҳад далелҳои дастури президент Барак Обама барои ҳимояи миллионҳо муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз ихроҷро бишнавад.

Додгоҳ бояд муайян кунад, ки оё барои дастури Обама тасдиқи Конгресс зарур аст ва оё мақомоти иёлатҳо ҳақ доранд, ки аз тариқи ҳукми додгоҳ тасмими ҳукумати марказӣ дар мавриди қабули муҳоҷиронро бекор кунанд.

Додгоҳи сатҳи поёнӣ пештар фармони соли 2014 Обамаро бекор кард, ки он замон Конгресс аз ислоҳот дар арсаи муҳоҷират ҳимоят накарда буд.

Агар ҳукми қонунии дастури Обама боқӣ монад, пас ин ба он маънист, ки муҳоҷирони ба ИМА ғайриқонунӣ омадаву дар ин кишвар соҳиби фарзанд шуда, қонунӣ мешаванд. Зеро фарзандони онҳо шаҳрванди ИМА мебошанд.

Тасмими додгоҳ метавонад ба сиёсати муҳоҷиратии ИМА таъсиррасон бошад ва эҳтимол дорад дубора ин баҳси маъракаи интихоботии ИМА-ро доғ кунад.

XS
SM
MD
LG