Ссылки доступа

Порлумони Бразилия ба истеъфои президент раъй дод


Дилма Русеф, президенти Бразилияро ба ҳамдастӣ дар нақшаи фасодолуди пулшӯии ширкатҳои бузурги нафтии Бразилия айбдор мекунанд. Вакилони порлумони Бразилия ба бекор кардани дахлнопазирии Дилма Русеф, президенти 68-солаи ин кишвар раъй доданд.

Ҳизби ҳокими Бразилия аллакай шикасти худро эътироф кардааст. Барои бекор кардани дахлнопазирӣ 342 раъй зарур буд, барои истеъфои президент бошад 367 вакил раъй дод. Ва танҳо 137 вакил зидди бекор кардани дахлнопазирии президент раъй додааст.

Баъди раъйдиҳии палатаи поёнии порлумон масъалаи бекор кардани дахлнопазирии президент дар палатаи болоии он баррасӣ хоҳад шуд. Агар сенаторҳо ҳам аз Русеф пуштибонӣ накунанд, вай ба муҳлати 180 рӯз аз вазифа барканор мешавад. Дар ин давра иҷрои вазифаҳои президент бар дӯши ноиб-президент меафтад.

Рақибони Русеф мегӯянд, вай касри воқеии буҷаро дар остонаи интихоботи соли 2014 (он замон Русеф барои муҳлати дувум президент интихоб шуд) пинҳон кардааст. Ӯро ҳамчунин ба ҳамдастӣ дар пулшӯии ширкатҳои бузурги нафтии он кишвар айбор мекунанд.

Тибқи назарсанҷиҳои иҷтимоӣ, бештар аз 60% сокинон аз бекор кардани дахлнопазирии нахустин президенти зани Бразилия ҷонибдорӣ мекунанд. Коршиносон мегӯянд, ҳукумати Русеф иқтисоди кишварро ба рукуд рӯбарӯ кард.

XS
SM
MD
LG