Ссылки доступа

Пулис поймолкунандагони лолаҳои Бишкекро меҷӯяд


Пулиси Бишкек "вайронкороне"-ро меҷӯяд, ки дар маркази шаҳр лолазорҳоро поймол ва решакан кардаанд.

Дар ҷои лолазори харобшудаи майдони марказии Бишкек - майдони "Ала-Тоо" лолаҳои нав мекоранд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии шаҳрдории Бишкек.

Тибқи иттилои ин ниҳод, лолаҳои Бишкек дар ҳоли шукуфтан ҳастанд, гулҳои нав бошанд, дар идҳои моҳи май хоҳанд шукуфт. Хадамот мегӯяд, бадкоронеро, ки гулзорро хароб карданд, пулис ҷустуҷӯ дорад.

Пештар аз ин шаҳрдории Бишкек хабар дода буд, ки дар майдони "Ала-Тоо" 22 ҳазору 842 лола шинонда шудааст. Арзиши як лола 15,73 сом (муодили тақрибан 1,5 сомонӣ) ва арзиши умумии ин лолаҳо ба 359 ҳазору 305 сом (муодили тақрибан 35 ҳазор сомонӣ) баробар будааст.

XS
SM
MD
LG