Ссылки доступа

Роҳи кӯтоҳи як раққосаи тоҷик то Сурия


Додгоҳе дар шимоли Тоҷикистон як зани раққосаро, ки қасди сафари Сурия ва ширкат дар ҷанги ин кишварро доштааст, зиндонӣ кард.

Додгоҳи Гулистон (Қайроққуми собиқ) Равшаной Мирхоҷаева – сокини 28-солаи ин шаҳрро, ки қаблан дар яке аз клубҳои шабона ба ҳайси раққоса кор мекардааст, барои азми ширкат дар ҷанги Сурия 12 сол зиндонӣ кард.

Наргис Ёдгорзода, додраси парванда мегӯяд, боздошт ва муҳокимаи Равшаной пас аз дастгир шудани шавҳараш - Наврӯзшоҳ Галлабонов - дар фурудгоҳи Минск ва истирдодаш ба Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Бар асоси маводи парванда, Равшаной дар соли 2012 дар клуби шабонаи шаҳри Хуҷанд ба ҳайси раққоса кор карда, бо Наврӯзшоҳ ошно шудааст ва онҳо чанд муддат ҳамчун зану шавҳар зиндагӣ кардаанд. Сипас, онҳо нақшаи сафар ба Сурияро кашидаанд.

Равшаной Мирхоҷаева қасд доштааст аз Душанбе ба Истанбул парвоз кунад. Вале тавассути SMS аз боздошти шавҳараш дар Минск хабардор шуда, билети парвозро бозгардондааст.

Мақомоти интизомии вилояти Суғд мегӯянд, ки тайи беш аз як соли охир дар ин минтақа ҳудуди 600 нафарро ба иттиҳоми ифротгароӣ боздошт кардаанд, ки 93 ҳолаташ ба се моҳи аввали соли ҷорӣ рост меояд.

XS
SM
MD
LG