Кишоварзони қирғиз, ки маҳсулоташонро ба бозорҳои Қазоқистон мебаранд, шикоят кардаанд, ки афроди ношинос худро хешовандони президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев муаррифӣ карда, барои вуруди маҳсулот ба бозори "Олтин Орда"-и Алмаато аз онҳо пул талаб мекунанд.
Вазорати кишоварзии Қирғизистон мегӯяд, деҳқонон суханони мансабдоронро, ки гуфта буданд, баъди шомил шудан ба Иттиҳоди гумрукии АвруОсиё бозорҳои Қазоқистону Русия барои онҳо боз хоҳад шуд, ёдоварӣ кардаанд. Тавре деҳқонон мегӯянд, дар амал соҳибони бозорҳои Алмаато бе пардохти маблағи иловагӣ барои ҳар килограм картошка қирғизҳоро ба бозор роҳ намедиҳанд.