Ссылки доступа

Филмсозон дар ҷазираи дурдаст гумгаштаеро пайдо карданд


Гурӯҳи наворбардорони Animal Planet зимни наворгирии барномаи “Ваҳшиҳои дарёӣ” бо Ҷеремӣ Уэйд дар наздикии ҷазираи Баррании шимоли Австралия инсонеро наҷот дод, ки ба ҷазираи беодам афтодааст, хабар медиҳад tvrain.

Номи ин моҳигир Тремайн будааст.

Тибқи ин иттилоъ, ин мард аз беобӣ ранҷ кашида, ба ёрии таъҷилии пизишкӣ ниёз дошт. Вай гуфтааст, ки барои шикори харчангҳои дарёӣ ба ин ҷазира омадааст, вале қаиқаш аз банд ҷудо шуда, ба уқёнус рафтааст.

Ин мард ду рӯз дар ин ҷазира зери офтоби тобистон аз беобӣ ба сакароти марг расида бад. Дар ин ҷазира оби нӯшиданӣ вуҷуд надорад.

XS
SM
MD
LG