Ссылки доступа

Милисаи тошкандие, ки занро зада буд, сабукдӯш шуд (видео)


Нозири минтақавии маҳаллаи “Фарҳод”-и ноҳияи Учтеппаи шаҳри Тошканд Иззатилло Ҳошимов 15-уми апрел барои латукӯби зани 55-сола аз вазифааш барканор карда шуд.

Ба гуфтаи як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тошканд, ки ба бахши ӯзбекии Озодӣ ин хабарро расонид, нозир Ҳошимов барои он аз кор сабукдӯш шуд, ки дар назди сокинони маҳаллаи “Фарҳод” зани пиронсолро лагад зад.

- Видеое, ки дар он Иззатилло Ҳошимов занеро лагад мезанад, боиси хархашаи калон шуд. Сипас, хабарнигори “Озодӣ” худи Ҳошимовро пайдо карда, бо вай муҳосиба кард. Баъд аз ин раҳбарият тасмим гирифт, ӯро барканор кунад. Се рӯз пеш ба ҷои вай Фазлиддин Исроилов нозири минтақавии маҳаллаи “Фарҳод” таъйин шуд, - хабар дод манбаъ бо шарти ифшо нашудани номаш.

Ба гуфтаи шоҳиди ин ҳодиса, маъмури милитсия зимни талоши ором кардани ин зан, аз мошинаш латтаи чиркинеро бароварда, кӯшиш кард онро ба даҳони ин зан андозад. “Вай зиддият карда, хост, бо дастонаш рӯй ва чашмонашро бипӯшад. Сипас милиса бо пояш ба рӯйи ин зан зад. Баъд вай бо забони ӯзбекӣ ин занро дашном дод. Ҳама дар атроф ин ҳодисаро медидҳанд. Ин ҳодиса қариби 3 соат идома дошт. Сипас, ба ҷойи ҳодиса як мошин бо се милиса ва мошини ёрии таъҷилӣ омаданд. Вақте онҳо талош карданд занро дохили мошин дароранд, вай боз ҳам муқобилият нишон дод. Дар ҳамин ҳолат нозири минтақавӣ занро дубора латукӯб кард. Дертар мо фаҳмидем, ки аз шоҳидон хостанд баёноти дурӯғ диҳанд. Вақте санади ин ҳодисаро таҳия карданд, дар бораи латукӯби зан сухане навишта нашуд”, - афзуд вай.

XS
SM
MD
LG