Ссылки доступа

Чин ба нерӯгоҳҳои Қирғизистон 4 млрд доллар сармоягузорӣ карданист


Ширкатҳои чинӣ омодаанд, ба сохтмони нерӯгоҳҳои хурд дар Қирғизистон то 4 миллиард доллар сармоягузорӣ кунанд. Дар ин бора баъди мулоқот бо сармоягузорони чинӣ вакили порлумони Қирғизистон Автандил Кулбараков хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ҷониби чинӣ хоҳиш дорад, ки барои фаъолияти бетаваққуф шароит эҷод карда шавад. Ҳамаи тарҳҳое, ки сармоягузорони чинӣ онҳоро писандиданд, ба баррасии ҳукумат пешниҳод мешаванд.

Кулбараков афзуд, ки ширкатҳои чинӣ омодаанд дар дарёи Кокомерон (аз деҳаи Қизил-Ой то деҳаи Сари-Қамиш) бо зарфияти 950 мегаватт нерӯгоҳи нақбӣ созанд, ки маблағаш 1,2 миллиард доллар мешавад.

“Сармоягузорони чинӣ омода ҳастанд дар 2-3 сол нерӯгоҳ созанд. Маблағи сармояҳои худро онҳо мехоҳанд аз тариқи фурӯши нерӯи барқ ба Чин ва Покистон дар тӯли 5 сол баргардонанд. Сипас, ин нерӯгоҳ моли давлати мо мешавад. Ба ин тартиб, баъд аз 8 сол дар Қирғизистон нерӯгоҳи бузурге пайдо мешавад. Шароитҳои ин пешниҳод хеле хубанд”, - гуфт Кулбараков.

XS
SM
MD
LG