Ссылки доступа

TeliaSonera "аз даст"-и Гулнора табдил ном кард


Ҳафтаи ҷорӣ ширкати мобилии шведии TeliaSonera, ки дар порадиҳӣ ба Гулнора Каримова, духтари президенти Ӯзбекистон гумонбар дониста мешавад, тасмим гирифт, номашро дигар кунад.

Акнун ин ширкат Telia Company ном хоҳад дошт. Дар ҷаласаи саҳҳомони он 19 апрел хабар дода шуд, ки даромади Telia Company дар чормоҳаи аввали сол 4,9 дарсад кам шудааст.

Маҳз дар ҳамин ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки ширкат табдили ном кунад. Номи TeliaSonera соли 2002 дар натиҷаи якҷошавии ду ширкати мобилӣ - Telia-и шведӣ ва Sonera-и финнӣ пайдо гардид.

Ин ширкат ба додани 350 миллион доллари ИМА ришва ба духтари калонии Каримов бо ҳадафи ворид шудан ба бозори мобилии Ӯзбакистон дар соли 2007 айбдор мешавад. Таҳқиқи парвандаи фасодоро мақомоти Шветсия, ИМА, Голландия ва чанд кишвари дигари Аврупо анҷом медиҳанд.

Тавре сардори Шуъбаи мубориза бо коррупсияи Додситонии кулли Шветсия Гуннар Стетлер хабар медиҳад, парвандаи мазкур мумкин аст, тирамоҳи имсол ба додгоҳ фиристода шавад.

XS
SM
MD
LG