Дар ин ҳуҷҷат омори охирин дар бораи равандҳои бахши ҳимояти иҷтимоии кӯдакон дар 30 кишвар ва қаламрави ин минтақа ҷамъоварӣ шудааст.
“Беш аз як миллион кӯдак дар Қирғизистон бо мушкили набудани ҳимояи иҷтимоӣ, надоштани дастрасӣ ба хадамоти босифат ва аз офатҳои табиӣ осебпазиранд”, - омадааст дар гузориш.
“Кишварҳое, ки барои ҳимояти иҷтимоии кӯдакон ва оила маблағҳои бештари буҷаӣ ҷудо мекунанд, кишварҳои муваффақ дар кам кардани маргу мири кӯдак ҳастанд. Ҳукумати Қирғизистон низ ба паст кардани сатҳи фақр, аз ҷумла тавассути ҳимояи иҷтимоӣ (ёрдампулӣ ва расонидани хадамоти иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ), талош мекунад. Бо ин вуҷуд, сармоягузории ин арса дар сатҳи паст аст. Мо даъват мекунем, ки ҳоло ба ҳимояти иҷтимоии кӯдакон сармоягузорӣ кунанд, то ояндаи дурархшонро дар пеш интизор шаванд”, - зикр кард намояндаи ЮНИСЕФ дар Қирғизистон Юкиэ Мокуо.