Ссылки доступа

Нигаронии ИМА аз ҳузури рӯзафзуни Русия дар Сурия


ИМА аз хабари фиристодани техникаи иловагии низомии Русия ба Сурия нигарон аст. Дар ин бора дар Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ муовини мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Бен Родс, дар саммити Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс изҳори назар кард. Дар ин саммит президенти ИМА Барак Обама ҳам ҳузур дорад.

Ба гуфтаи Родс, фиристодани техникаи иловагӣ ва ё нерӯҳои иловагӣ ба Сурия метавонад барои Русия пайомадҳои манфӣ дошта бошад.

"Мо бар ин назарем, ки беҳтар аст - нерӯямонро барои пуштибонии роҳи ҳалли дипломатии низоъ равона кунем", - гуфт Родс.

Ширкатдорони мулоқот дар Риёз масоили амниятӣ, муборизаи муштарак бо тундгароӣ, коҳиши ихтилофи бархе аз кишварҳои минтақаро бо ИМА , баррасӣ мекунанд. Ҳамроҳ бо Обама барои иштирок дар саммит вазири мудофиаи ИМА Эштон Картер, котиби давлатӣ Ҷон Керрӣ ва мушовир дар умури амнияти миллӣ Сюзан Райс ба Риёз омаданд.

Дар остонаи саммит Барак Обамаро шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон бин Абдулазиз ба ҳузур пазируфт. Президенти ИМА дар ҳузури шоҳ хостори тақвияти мубориза бо гуруҳи "Давлати исломӣ" шуд.

Дар Шӯрои кишварҳои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷи Форс Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қувейт, Қатар ва Умон шомил ҳастанд.

XS
SM
MD
LG