Ссылки доступа

Хабарнигорон “асноди офшор”-ро ба додситонии ИМА намедиҳанд


Анҷумани байналмилалии хабарнигорони таҳқиқотгар бо додситонии амрикоӣ, ки таҳқиқи ҷиноятии сарпечӣ аз пардохти андозҳоро анҷом медиҳад, ҳамкорӣ намекунад. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе хабаргузории Reuters иттилоъ додааст.

Додситонии федералии Ню-Йорк ахиран аз хабарнигорон дархости ирсоли иттилоеро кард, ки ҳангоми таҳқиқоти хабарнигорӣ дар чаҳорчӯби “ҳуҷҷатҳои Панама” ба даст омадаанд.

Анҷумани хабарнигорӣ омодасозӣ ва чопи ин ҳуҷҷатҳоро ҳамоҳанг мекард. Ин санадҳо сохтакориҳои сарпечӣ аз пардохти андоз аз фоидаҳо дар ҳисобҳои офшории Панамаро ошкор карданд.

Раҳбари анҷумани хабарнигорон Ҷералда Райл дар посух ба дархости додситонӣ гуфт: “Мо ба додситони иттилои ҳанӯз чопнашударо намедиҳем. Мо созмони матбуотӣ ҳастем ва моро ислоҳи 1-уми Конститутсияи ИМА ва қоидаҳои дигари қонунӣ аз табдил шудан ба як шохаи ниҳодҳои интизомӣ ҳимоят мекунад”.

Дар пайи пайдо кардани иттилоъ аз ширкати ҳуқуқии панамагии Mossack Fonseca хабарнигорон дар маҷмӯъ ба 11,5 миллион ҳуҷҷати молии шахсони ҷудогона ва ширкатҳое дастрасӣ ёфтанд, ки дороии худро дар офшорҳо пинҳон кардаанд.

XS
SM
MD
LG