Ссылки доступа

Обама ва Меркел аз Русия хостанд, созишҳои Минскро риоя кунад


Президенти ИМА Барак Обама ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар мулоқот дар Ҳановер гуфтанд, ки шикасти оташбас дар шарқи Украина идома дорад. Меркел гуфт, бояд талош кард, ки ҳар чӣ зудтар созишҳои Минск амалӣ шаванд.

Президенти ИМА ба нақши муҳими ҳамкории ИМА, Олмон ва Фаронса дар ҳифзи ҳуқуқи давлатҳо ба мустақилият ва дахлнопазирии марзҳояшон таъкид кард. Обама ва Меркел гуфтанд, таҳримҳои зидди Русия мумкин аст, танҳо баъди иҷрои уҳдадориҳое, ки Москва тибқи созишномаи Минск ба зимма гирифтааст, бекор шаванд.

Дар нишасти муштараки хабарӣ дар Ҳановер президент ва садри аъзам ба муҳим будани ҳамкории ИМА ва Олмон дар ҳалли мушкили муҳоҷират таъкид карданд. Ба гуфтаи Меркел, мушкилоти муҳоҷират то андозае - натиҷаи низоъи мусаллаҳонаи Сурия аст ва ин мушкилиро бояд бо роҳи ҷалби ширкатдорони гуфтушуниди сулҳи Сурия дар Женева ҳал кард.

Иёлоти Муттаҳида бори аввал аст, ки дар кушоиши намоишгоҳи саноатии Ҳановер ба ҳайси кишвари шарик ширкат мекунад.

XS
SM
MD
LG