Ссылки доступа

Қирғизистон бо камбуди табибон рӯбарӯст


Вазорати тандурустии Қирғизистон мехоҳад, бо пардохти изофапулиҳо табибони ҷавонро барои кор дар минтақаҳои кишвар ҷалб созад. Дар ин бора мудири шӯъбаи корҳои кадрӣ ва таълимоти тиббии вазорати тандурустии Қирғизистон Нурида Жусупбекова хабар медиҳад.

“Вазорат ба мутахассисони ҷавон илова ба маош дар як семоҳа 38 ҳазор сом (муодили 3800 сомонӣ) пардохт карда, дар бархе аз минтақаҳо барои сохтмони манзил қитъаи замин ҳам ҷудо мекунад”, - гуфт вай. Ҳамчунин барои духтуроне, ки аллакай дар минтақаҳо кор мекунанд, давраҳои бозомӯзӣ ташкил мешавад.

Ба иттилои вазорати тандурустӣ, то 1 апрели соли 2016 дар вилояти Ҷалолобод камбуди 189 мутахассиси тиббӣ, дар вилояти Ботканд 123, дар вилояти Ӯш 181, дар вилояти Норин 120, Талас – 120, вилояти Иссиқкӯл 137 ва дар вилояти Чуй 151 мушоҳида мешуд.

Ҷузъиёти ин масъаларо ҳамчунин намояндаҳои донишгоҳҳои тиббӣ, вазорати тандурустӣ, намояндаҳои комилҳуқуқи ҳукумат дар вилоятҳо баррасӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG