Ссылки доступа

Вазорати адлияи ИМА Гулнора Каримоваро ба додгоҳ кашид


Ба иттилои агентии Bloomberg, вазорати адлияи ИМА 21-уми апрел ба додгоҳи Федеролии Манҳэттен зидди духтари калонии президенти Ӯзбекистон Гулнора Каримова ва ҳамтоёнаш шикоят бурд.

Вазорати адлияи ИМА Гулнора ва чанд ҳамтои наздикашро дар нодида гирифтани талабҳои вазорати адлияи Амрико дар мавриди баргардонидани 550 миллион долларе, ки дар суратҳисобҳои бонкии Швейтсария маҳфуз аст, айбдор мекунад.

Тибқи аризаи додситон, ки ба додгоҳи Федеролии Манҳэттен (Ню-Йорк, ИМА) пешниҳод шудааст, Гулнора Каримова ва ҳамтоёнаш ба даъвои вазорати адлияи Амрико дар мавриди дастрас сохтани иттилоъ дар бораи суратҳисобҳои бонкӣ посух надодаанд. Ин даъво дар моҳи феврали соли ҷорӣ ирсол шуда буд.

Аризаи даъвогии додгоҳӣ ба парвандаи фасодкорие марбут аст, ки зидди ширкати мобилии VimpelСom боз шудааст. Ёдовар мешавем, пештар VimpelCom айби худ дар анҷоми амалҳои фасодкорона дар Ӯзбекистонро эътироф кард. Ҳамчунин ин ширкат омодагии худро барои пардохти ҷаримаҳо ба ниҳодҳои зиддифасодди ИМА ва Голландия дар ҳаҷми 795 миллион доллар изҳор дошт.

XS
SM
MD
LG