Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон иҷрои тарҳи бузурги энержӣ оғоз мешавад


Дар моҳи май дар Душанбе иҷрои тарҳи CASA-1000 расман оғоз мешавад. Дар ин бора пас аз анҷоми ҷаласаи Гурӯҳи муштараки шӯрои байниҳукуматии марбут ба ин тарҳ вазорати иқтисоди Тоҷикистон хабар дод.

Тарҳи CASA-1000 интиқоли нерӯи барқ аз Қирғизистон ва Тоҷикистон ба Афғонистону Покистонро ҳадаф дорад. Интизор меравад дар марҳилаи аввал хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 кВ-и “Датка-Хуҷанд” (477 километр) сохта мешавад, ки Қирғизистону Тоҷикистонро ба ҳам пайваст мекунад.

Сипас қарор аст, хати интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва шаҳри Пешовари Покистон (750 километр) кашида шавад. Маблағи умумии ин тарҳ 953 миллион доллар аст.

XS
SM
MD
LG