Ссылки доступа

Вазири маорифи Қазоқистон: имтиҳонҳо "дигар" хоҳанд шуд


Ерлан Сагадиев, вазири маориф ва илми Қазоқистон гуфт, имтиҳонҳои хатм ба мактаб "бармегарданд". Ба гуфтаи вай, Санҷиши ягонаи миллӣ (СЯМ), ки имтиҳонҳои хатми мактаби миёна ва имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олиро муттаҳид мекард, акнун "дигар" мешавад.

Сагадиев ба омӯзгорон ва мудирони мактабҳои миёна муроҷиат карда, гуфт, соли оянда СЯМ, ки "аз хусусиятҳои иҷтимоӣ лабрез аст, вобастаи ҳокимон, мактабҳо ва шуъбаҳои ноҳиявии маориф мешавад".

- Ин мантиқӣ хоҳад шуд. Дар мактаб ба СЯМ омода шудан танҳо ба хотири боло бурдани дониш хоҳад буд. Аз ҳамин хотир, кӯдаконро аз синфи 9 ба коллеҷ фиристодан - дар айни ҳол кори комилан беҳудае аст. Барои дохил шудан ба коллеҷ СЯМ супоридан ҳатмӣ нест. Ба коллеҷ ҳам баъди хатми синфи 9 метавон дохил шуд ва ҳам баъди хатми синфи 11. Акнун мо мехоҳем вазъи хатми баъди коллеҷ ва мактабро ба танзим дарорем. Ҳамаи ин хатмкунандаҳо СЯМ хоҳанд супорид, - афзудааст Сагадиев.

Пештар аз ин вазорати маориф ва илми Қазоқистон хабар дода буд, хатмкунандагоне, ки бори аввал дар СЯМ шумори зарурии холҳоро касб намекунанд, бори дувум "бо пардохти маблағ" ҳаққи аз санҷиш гузаштанро соҳиб мешаванд.

XS
SM
MD
LG