Ссылки доступа

Обама: Путин мехоҳад ваҳдати Аврупоро вайрон кунад


Президенти ИМА Барак Обама гуфт, ки раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ваҳдату ягонагии аврупоиёнро ба унвони хатар арзёбӣ карда, талош дорад онро вайрон кунад.

Дар мусоҳибае, ки имрӯз шабакаи телевизионии амрикоии CBS News намоиш дод, Обама ба унвони мисол бӯҳрони гурезаҳо дар Аврупоро мисол овард.

"Шиддати ин бӯҳрон, ки ба сиёсати Аврупо таъсир мегузораду ҳамон тавре ки миллатгароёни ростгаро бекор кардани ваҳдати аврупоиро талаб мекунанд дар бархе ҳолатҳо ҳамин гуна аз тарафи ҷаноби Путин сӯистифода мешавад", - гуфт Обама. Президенти Америка гуфт, ки талош дорад тасаввури раҳбари Русияро дар бораи хатарзо будани НАТО ва ИА аз байн бубарад.

"Фикр мекунам, вай иштибоҳ мекунад, - гуфт Обама. - Ман ба вай гуфта будам, ки дар воқеъ Аврупои воҳиду қавӣ, ки якҷо бо Русияи қавиву ба ҷаҳониён боз роҳи ҳалли дуруст мебошад. Аммо вай то ҳол дар ин замина комилан мӯътақид нест".

Барак Обама дар поёни сафари худ ба Аврупо суханронӣ кард, ки ба гуфтааш барои Аврупо "замони тақдирсозе" дар ҳалли бӯҳрони гурезаҳо ва хатарҳои террористии исломгароён фаро расида ва ин вазъ ваҳдату ягонагии бештареро тақозо мекунад.

XS
SM
MD
LG