Ссылки доступа

Посухи Кремл ба Обама дар бораи муносибати Путин ба НАТО


Кремл суханони президенти ИМА Барак Обамаро дар бораи ин ки президенти Русия Владимир Путин НАТО ва Иттиҳоди Аврупоро хатар меҳисобад, шарҳ дод.

Дмитрий Песков, сухангӯи Путин ба рӯзноманигорон гуфт, ин НАТО аст, ки Русияро хатар медонад, Москва бошад, ба гуфтаи Песков, талош дорад, ки бо ҳамаи кишварҳо ва иттиҳодияҳо муносибатҳои дӯстона барқарор кунад. "Кӣ барои кӣ хатар дорад, ин ҷо набояд фаромӯш кард, ки давоми солҳои охир ҳам аз Брюссел ҳам аз ҷониби аъзои роҳбарияти НАТО ин ҳарфҳо садо медиҳанд, ки маҳз Русияро онҳо ҳамчун хатар мешиносанд", - гуфт Песков.

Президенти ИМА Барак Обама дар бораи Русия дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CBS изҳори назар кард ва гуфт, президент Путин дар мавриди хатар шинохтани НАТО ва Аврупо ба иштибоҳ роҳ додааст ва Обама Путинро дар ин бора огоҳ кардааст. "Ман фикр мекунам, ки ин иштибоҳ аст, ман ба вай гуфтам, ки дар воқеъ Аврупои муттаҳид ва тавоно, ки бо Русия ҳамкорӣ мекунад, ин роҳи дурусттаре аст. То кунун вай ба ин бовари комил надорад", - гуфтааст дар мусоҳиба Барак Обама.

XS
SM
MD
LG