Ссылки доступа

Дар Эрон чаҳор рӯзноманигор зиндонӣ шуданд


Дар Эрон бо айби фаъолияти зидди амнияти миллӣ чаҳор рӯзноманигор мутаносибан аз 5 то 10 сол зиндонӣ шуд. Дар ин бора вакилони дифои рӯзноманигорон ба расонаҳои эронӣ хабар додаанд.

Ин чаҳор рӯзноманигор дар моҳи ноябри соли гузашта боздошт шудаанд. Онҳо дар он айбдор мешаванд, ки дар расонаҳои давлатӣ Эронро "шабакаи пинҳонии ҳукумати ИМА ва Бритониё" номидаанд.

Шореҳ Довуд Асадӣ ба 10 соли зиндон, рӯзноманигор Офарин Читсоз - ба 5 соли зиндон, Эҳсон Мозандаронӣ, сармуҳаррири нашрияи "Фарҳехтагон" ба 3 соли зиндон маҳкум шудаанд. Як рӯзноманигори дигар - Сомон Сафарзой 5 сол зиндонӣ шудааст. Дар бораи маҳбуси панҷум - Исо Саҳархез иттилое нашр нашудааст.

Исо Саҳархез, мудири нашрияи мамнуъи "Офтоб" аст, ки дар замони президентии Муҳаммад Хотамӣ сухангӯи вазорати фарҳанги Эрон буд.

Ҳудуди 100 рӯзноманигори эронӣ бо имзои дархостномае дар моҳи декабри соли гузашта хостори озодии ҳамкасбонашон шуданд. Рӯзноманигорон мегӯянд, айбномаи ҳамкасбони зиндонияшон "беасос ва ғаразнок" аст.

XS
SM
MD
LG