Ссылки доступа

Президенти Тоҷикистон ба мубориза бо ифротгароӣ даъват кард


Президенти Тоҷикистон аз густариши ифротгароӣ миёни сокинони Норак нигарон аст. Чунин нигаронӣ сабабҳое низ дорад, зеро 26 сокини Норак дар ҷангҳо дар хориҷи кишвар ширкат мекунад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави мактаби таҳсилоти умумии №28-и шаҳри Норак гуфт, фаъолияти ғайримуассири бархе аз шахсони масъул ва самаранок набудани иқдомҳое, ки дар ин самт анҷом мешаванд, набудани назорати бархе аз волидайн ба афзоиши теъдоди ҷавононе сабаб шуданд, ки бо ақидаҳои тундгароӣ фаро гирифта мешаванд.

“Ин яке аз сабабҳои зуҳури раванди хатарноке дар вилояти Хатлон, аз ҷумла дар Норак, аст, ки ба ҷои арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ дар миёни аҳолӣ ақидаҳои хурофотӣ ва ифротӣ пайдо мешаванд”, - зикр кард президент.

Эмомалӣ Раҳмон Норакро шаҳри энергетикҳои тоҷик номид ва аз сокинонаш хост, ки дар пешгирӣ аз чунин раванд иқдом кунад. Ба боварии раиси ҷумҳур, “тундгароӣ барои инсоният хатари ҷиддӣ эҷод карда, ин зуҳурот фоҷиаи аср аст, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид дорад”.

XS
SM
MD
LG