Ссылки доступа

Дар шаҳрҳои Қазоқистон зидди заминфурӯшӣ эътироз мекунанд


Дар шаҳри Актобе ва Семеи Қазоқистон эътирози оммавии бидуни иҷозат баргузор шуд. Имзои тағйирот ба Кодекси замин аз сӯи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки фурӯши заминро дар назар дорад, баҳона барои ин эътирозҳо шуд.

Садҳо нафар дар ин эътирозҳо ширкат карда, зидди тағйири Кодекси замин ва нақшаи мақомот, ки фурӯши заминҳои корамро мадди назар доранд, баромаданд. Хабари баргузории эътироз тавассути телефонҳои мобилӣ паҳн шуд. Дар соати баргузории эътироз, макони ҷамъомади эътирозгарон - Боғи нахустин президент баста шуда буд.

Дар шаҳри Семе дар боғи Ғалаба эътирози дигар дар ҳамин масъала баргузор шуд. "Талаби асосии мо ин аст, ки - замин ба хориҷиҳо фурӯхта нашавад. Талаби дувумамон, тавре гуфта мешавад, заминҳои корам тавассути музояда ба фурӯш гузошта мешаванд. Мо зидди додани замин ба моликияти шахсӣ ҳастем," мегӯяд иштирокчии эътироз Гулфайра Жанибекова.

Дар ҳар дуи ин эътирозҳо ҳокимон ва намояндагони додситонӣ назди ширкатдорон омаданд. Пулис ба ҷараёни эътирозҳо дахолат накардааст. Намояндаи мақомот аз эътирозгарон хостаанд, ки талабҳояшонро рӯи варақ навишта ба мақомот бидиҳанд. Баъди имзои талабҳо, эътирозгарон пароканда шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки 25 апрел дар Атирауи Қазоқистон дар масъалаи фурӯши замин эътирози оммавӣ баргузор шуда буд.

XS
SM
MD
LG