Қирғизистон шомили рӯйхати кишварҳои дорои сатҳи баланди садамаҳои нақлиётии маргбор шуд. Тавре созмони ҷамъиятии "Ташаббуси шаҳрвандӣ" хабар медиҳад, коршиносони Ниҳоди миллии таҳқиқоти стратегӣ ба чунин хулоса расидаанд.
Дақиқ шудааст, ки Қирғизистон миёни кишварҳои Аврупо ва кишварҳои шӯравии пешин аз рӯи шумори садамаҳои маргбори нақлиётӣ ҷои дувумро ишғол мекунад.
Ба иттилои Кумитаи миллии омори Қирғизистон, дар солҳои 2004-2013 дар садамаҳои нақлиётӣ бештар аз 10 ҳазор одам кушта ва 62 ҳазор кас маҷруҳ шудаанд.