Ссылки доступа

Афзоиши оташи тӯпхона ва миномет дар шарқи Украина


Роҳбари нозирони САҲА дар шарқи Украина мегӯяд, шикасти оташбас дар моҳҳои охир афзудааст.

Дар изҳороти Эртугрул Апакан, роҳбари нозирони САҲА омадааст, ки дар рӯзҳои охир чаҳор нафар қурбонии зарбаҳои миномет шудаанд. Роҳбари нозирон бар ин аст, ки даргирии мусаллаҳона ва хушунати марбути ин даргирӣ дубора ба "сатҳи ташвишовар" расидааст.

Тибқи баҳодиҳии Апакан, оташбаси қатъӣ барои иҷрои созишҳои Минск аҳамияти калидӣ дорад ва тарафҳо бояд бо иқдоми ҷиддӣ воқеӣ будани сулҳро нишон диҳанд.

Аз замони даргирии ҷудоихоҳон бо ҳукумати Украина дар шарқи ин кишвар аз баҳори соли 2014 то кунун 9100 кас кушта ва 21 ҳазор нафари дигар маҷруҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG