Ссылки доступа

Ҷон Керрӣ ба гардиш дар ҷанги зидди "Давлати исломӣ" таъкид кард


Ҷон Керрӣ, котиби давлатии ИМА гуфт, насли нави роҳбарони Шарқи Наздик барои пурзур кардани мубориза зидди "Давлати исломӣ" ва "Ал-Қоида" тамоми талошашонро харҷ мекунад.

Дар мусоҳиба бо телевизиони Alhurra Ҷон Керрӣ гуфт, насли нави роҳбарони Шарқи Наздик, ба хусус Арабистони Саудӣ муборизаи эътилофи байналхалқӣ зидди ДИ ва "Ал-Қоида"-ро тақвият медиҳад. Вай ҳамчунин ба тағйири сиёсӣ дар Ироқ даъват кард. Ҷон Керрӣ ба густариши нақши Арабистони Саудӣ ва аз ҷумла шоҳзодаи валиаҳд Муҳаммад ибни Салмон дар корҳои минтақа ишора кард.

"Иттифоқчиёни мо кори зиёде мекунанд. Дар эътилофи байналхалқӣ 66 кишвар шомил аст, аммо кишварҳои Шарқи Наздик саҳми бештаре доранд. Мо талош дорем, ки садди роҳи сармоягузории ДИ-ро бигирем. ДИ аз ҷойҳои мухталиф сармоягузорӣ мешавад. Мо талош мекунем, ки ҷавононро аз тундгароӣ ҳифз кунем, аз ҳамин хотир мо иқдоме зиёде рӯи даст дорем", - гуфт Ҷон Керрӣ.

Ба гуфтаи Ҷон Керрӣ, кишварҳои аъзои эътилоф дар кам шудани чашмраси теъдоди ҷангиёни хориҷии воридмешуда дастовардҳои зиёдеро соҳиб шуданд. Ин муваффақият аз тарики сахтар кардани шароиту будубош дар фурудгоҳҳо, убур аз гузаргоҳҳои гумрукӣ ва пайдо кардани виза ба даст омадааст. Дар вақтҳои охир бештаре аз раҳбарони онҳо дар набардҳо маҳв карда шуданд.

Шакли ибтидоӣ ва бе логотипи суҳбатҳои Ҷон Керриро аз ин ҷо метавонед барои бознашр нусха гиред.

XS
SM
MD
LG