Ссылки доступа

Адибони қазоқ ба "баҳси замин" пардохтанд


Нависандагон ва шоирони Қазоқистон дар Алмаато дар бинои Иттифоқи нависандагон ҷамъ омада, дар масъалаи баҳсҳои замин табодули андеша карданд.

Дар чанде аз шаҳрҳои ин кишвар зидди тағйироти нави Кодекси замин, ки моликияти хусусӣ шудани заминҳои корам ва ба хориҷиён додани заминро ба муҳлати то 25 сол дар назар дорад, гирдиҳамоии ғайриқонунӣ баргузор шуд.

"Нафаре, ки дар 10 сол заминро аз худ накард, дар 25 сол ҳам коре намекунад", - гуфтааст шоири қазоқ Темурхон Медетбек.

Заря Жуманова, нависандаи дигари қазоқ гуфтааст, масъалаи заминро, ки "барои мардуми қазоқ муқаддас аст", бояд бо назардошти афкори умум ҳал кард. Нависанда Бейбит Койшибой пешниҳод дорад, ки "паҳлуҳои баҳсбарангези қонун" дубора баррасӣ шавад. "Роҳи ягонаи аз бунбаст баровардани баҳси замин - ин ба талабҳои мардум гӯш додан аст", - гуфтааст нависандаи ҷавон Канат Абилкаир.

Дар ҷараёни табодули афкори адибон нависандаву шоирони дигари қазоқ Мирзан Кенжебай, Зейнолла Тилеужанов, Мереке Кулкенов, Жумаш Кенебой ва Амирхон Мендеке ширкат кардаанд.

XS
SM
MD
LG