Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон вакили ҳизби мамнуъро суд мекунанд


Имрӯз дар Душанбе мурофиаи бози парвандаи ҳухухшиносон Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Махкамов шуруъ мешавад.

Дар курсии судшавандаҳо ҳамчунин Бадриддин Тоиров, ки ҳамроҳ бо Бузургмеҳр Ёров бо гумони қаллобӣ боздошт шудааст, ҳузур хоҳад дошт. Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои аъзои зиндонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), 28 сентябри соли 2015 боздошт шуд. Ҳамаи санадҳои марбут ба парвандаҳои аъзои боздоштшудаи ҲНИТ-ро аз ӯ мусодира карданд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон 29 сентябр фаъолияти ҲНИТ-ро манъ ва ин ҳизбро террористӣ эълон кард.

Human Rights Watch, Кумитаи Ҳелсинкӣ, Amnesty International ва созмонҳои дигари байналхалқӣ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват карданд, ки Ёровро озод ва ё нисбати вай айбҳои мӯътамад эълон кунад. Дар изҳороти ин созмонҳо гуфта шудааст, ки боздошти вакил ангезаи сиёсӣ дорад.

XS
SM
MD
LG