Ссылки доступа

Қазоқистон: ҷаримаи навбатии сангин барои "даъвои замин"


Бауирҷон Алипкалиев, сокини 50-солаи Уралски вилояти Қазоқистони Ғарбӣ, ки ҳафтаи гузашта ҳангоми баргузории эътироз "дар масъалаи замин" аз сӯи пулис боздошт гардид, ҷарима шуд.

Имрӯз судяи додгоҳи маъмурии Уралск Роза Сариева Баурҷон Алипкалиевро дар ҳаҷми бештар аз 120 доллари ИМА ҷарима кард. Алипкалиев бо ин қарори додгоҳ розӣ нест.

Вай 29 апрел дар майдони марказии шаҳр боздошт шуда буд.

Дар моҳи апрел дар чанде аз шаҳрҳои Қазоқистон эътирозҳои ғайриқонунии мардумӣ зидди тағйироти Кодекси замин баргузор шуд. Эътирозҳои мардумӣ дар шаҳрҳои Атирау, Семе ва Актобе доир шуд ва мардум талаб карданд, ки тағйироти нави Кодекси замин бозбинӣ шавад.

Баъди эътирозҳо бархе аз фаъолон ҷарима шуданд ва бархеи дигарро ба идораи пулис даъват карданд.

XS
SM
MD
LG