Ссылки доступа

Озарбойҷон: сохтмони ҳоҷатхонаи 90-ҳазордолларӣ


Дар Бейлагани Озарбойҷон маросими тантанавии кушодашавии ҳоҷатхонаи мактаб баргузор гардид.

Дар мактабҳои миёнаи №1 ва №4 дар Бейлаган дар доираи барномаи грантии ҳукумати Ҷопон "Решаи гиёҳҳо ва амнияти инсон" ҳоҷатхонаҳои нав ба истифода дода шуданд.

Дар охири моҳи апрел дар мактаби миёнаи №1 ба ин муносибат маросими идонаи боз кардани ҳоҷатхона баргузор шуд, ки дар он сафири Ҷопон дар Озарбойҷон Сугуо Такахаши, омӯзгорони мактаб ва ҳамчунин раиси ҳукумати иҷроия Воқиф Абдуллоев ширкат доштанд.

Баъд аз паёму сипосгузориҳо ширкатдорони чорабинӣ лентаи сурхро қайчӣ карда, бо корҳои анҷомшуда ошно гардиданд. Арзиши сохтмони ҳоҷатхонаҳо 90 ҳазору 300 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG