Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон имом-хатибон салафиҳоро ошкор мекунанд


Баъзе аз имом-хатибони масҷидҳои Қурғонтеппа мегӯянд, онҳо вазифадор шудаанд, ҳангоми намозгузорӣ бодиққат бошанду пайравони равияи мамнӯи "Салафия"-ро ошкор кунанд.

Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои расмии Тоҷикистон дар як ҷаласаи махсус аз имомҳои 25 шаҳру ноҳияи минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон хостаанд, ки монеи гароиши ҷавонон ба ҷараёни мамнӯи "Салафия" шуда, аз пайвастани онҳо ба гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ"(ДИ) низ пешгирӣ кунанд.

Ба қавли манбаи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, дар ин ҷаласа аз ҳузури 200 сокини вилояти Хатлон дар ҷангҳои Ироқу Сурия нигаронӣ шудааст, ки бар асоси иттилои мақомот, 30 нафари онҳо ноболиғ ва ба камияш 20 тани дигар зананд.

Ҳабибулло Файзуллоев, имом-хатиби масҷиди ҷомеи ба номи Эшони Ҷамшед дар ноҳияи Панҷ илова кард, ки онҳо аз сӯи мақомоти расмӣ ва ниҳодҳои интизомӣ вазифадор шудаанд, то дар вақти намозгузорӣ мушоҳидакор бошанд ва аз шеваи намозгузорӣ ва рафтори пайравони равия ва созмонҳои мамнӯъ огоҳ шаванд.

Ин ҷаласа ва нигаронӣ дар ҳолест, ки то кунун ҳудуди 20 сокини Норак ва Шаҳритус аз ҷониби додгоҳҳои Тоҷикистон барои овехтани парчами сиёҳи "Давлати исломӣ" зиндонӣ шудаанд. Додситони вилояти Хатлон ҳам хабар дода буд, ки дар се моҳи аввали соли равон 132 ҷинояти дорои хусусияти экстремистӣ ошкор ва зидди даҳҳо шахси дигар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG