Ссылки доступа

Ҳукумати Арманистон истиқлоли Қарабоғро эътироф кард


Ҳукумати Арманистон тарҳи қонун дар бораи эътирофи истиқлоли Ҷумҳурии худмухтори куҳии Қарабоғро пазируфт. Дар ин бора хабаргузории русии "Интерфакс" хабар додааст.

Рӯзҳои наздик ин лоиҳаи қонун, ки аз ҷониби намояндаҳои ҷиноҳи мухолифон таҳия шудааст, барои баррасӣ ба парлумони Арманистон фиристода мешавад. Қаблан Ереван истиқлоли Қарабоғи Куҳиро намепазируфт ва мегуфт, ин бар зарарт раванди гуфтушунид аст.

Қарабоғи Куҳӣ, ки бештари сокинони он арманианд, ҳанӯз соли 1991 аз тасмими худ барои берун шудан аз ҳайати Озарбойҷон хабар дода буд. Ин тасмим боиси ҷанге шуд, ки дар пайи он Озарбойҷон идораи ин минтақаро аз даст дод.

Ибтидои моҳи апрели соли равон вазъ дар минтақаи баҳсии Қарабоғ якбора бад шуд. Дар пайи ин Серж Саргсян, президенти Арманистон эълон кард, ки дар сурати густариш ёфтани иқдомҳои низомии Озарбойҷон зидди Қарабоғи Куҳӣ Ереван омодааст, истиқлоли ин ҷумҳурии худмухторро эътироф кунад.

Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон қабули тарҳи эътирофи истиқлоли Қарабоғро ҳангома хонда, гуфт, Арманистон бо ин кор меъёр ва принспҳои қонуни байналмилалиро дағалона вайрон кардааст. Намояндаи кумитаи Думаи давлатӣ дар умури ИДМ Леонид Слутсий бар ин аст, ки пазируфтани чунин тарҳи қонун қазияи Қарабоғро печидатар хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG