Ссылки доступа

"Скинхедҳо" ба қирғизистониҳо ҳамла карданд


Пулиси Москва як гуруҳ ҷавононро барои ҳамла ба мусофирони метро - шаҳрвандони Қирғизистон, боздошт кардааст.

Хабаргузории РИА Новости бо такя ба сарчашмаҳояш аз мақомоти қудратӣ менависад, ҳамла дар заминаи миллатбадбинӣ сурат гирифтааст: қурбониён шаҳрвандони Қирғизистонанд ва боздоштшудаҳо худро "скинхед" медонанд.

Сарраёсати ВКД Русия мегӯяд, аз занозанӣ дар вагони метро хабар расидааст. Ба иттилои шоҳидон, дар қаторае, ки аз истгоҳи "Кӯчаи Скобелевская" ба истгоҳи "Битсевский парк" ҳаракат мекард, миёни ду гуруҳи ҷавонон низоъ рух дод. Дар натиҷа афроди номаълум рақибонашонро латукӯб карда ва ба чашмони яке аз онҳо газ пошидаанд. Маҷруҳон ба беморхона бурда шудаанд.

Дар натиҷаи ҷустуҷӯ пулис гумонбарони асосиро боздошт кард. Аз боздоштшудаҳо корди шикорӣ ва "электрошокер" мусодира гардидааст. Дар ҳоли ҳозир аз рӯи далели ҳамла парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG