Ссылки доступа

Ҳамла ба қирғизистониҳо авбошӣ унвон шуд


Пулиси метрои Москва гуруҳе ҷавононеро, ки ба шаҳрвандони Қирғизистон аз рӯи хусумати миллӣ ҳамла карданд, датсгир кард. Рафтори онҳо ҳамчун "авбошӣ" баҳо дода шуда, то 7 соли зиндон онҳоро таҳдид мекунад

Ҳамла ҳанӯз дар моҳи апрел рух дода буд, аммо танҳо баъди хабари Сарраёсати вазорати корҳои дохилии Москва дар ин бора маълумот пайдо шуд. Як гуруҳи ҷавонон ду муҳоҷири қирғизро дар вагони метро шадидан лату кӯб карданд. Маҷруҳон ба бемористон бурда шуданд.

Пулиси метрои Москва хабар медиҳад, ки тафтишот ангезаи нажодпарастона доштани ин ҳамларо мадди назар дорад. Аммо сарфи назар аз ин, рафтори "скинхедҳо" авбош дониста шудаанд.

Ҳамасола даҳҳо муҳоҷир қурбони ҳамлаҳои гуруҳҳои миллатгарои Русия мешавад. Ба иттилои созмони ҳомии ҳуқуқи "Сова", танҳо дар моҳи апрели соли 2016 аз ҳамлаи миллатгароён дар Москва, Санкт-Петербург, вилоятҳои Москва ва Новосибирск на камтар аз 12 нафар зарар дидаанд. Яке аз онҳо кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG