Ссылки доступа

Ашраф Ғанӣ ба Душанбе омад


Субҳи имрӯз Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар доираи як сафари расмӣ ба Душанбе омад. Ӯро дар фурудгоҳи пойтахт сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешвоз гирифт.

Интизор меравад, имрӯз президенти Афғонистон бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кунад, ки қарор аст, дар ин вохурӣ масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шаванд.

Ашраф Ғанӣ рӯзи паншанбеи 12 май дар маросими ифтитоҳи қисмати тоҷикистонии тарҳи CASA-1000, ки барои интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ шудааст, иштирок хоҳад кард.

Инчунин президенти Афғонистон дар Душанбе бо президенти Қирғизистон ва сарвазири Покистон, ки дар ин маросим низ иштирок хоҳанд кард, мулоқот мекунад.

Равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон 15 июли соли 1992 барқарор шудааст. То имрӯз миёни Тоҷикистону Афғонистон беш аз 80 санади ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногун имзо шуда, тайи солҳои охир ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар тадриҷан зиёд гардидааст. Гардиши савдо миёни Тоҷикистону Афғонистон дар соли гузашта 104,4 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Иҷрои барномаҳои бузург, аз қабили бунёди роҳҳои мошингард ва оҳан, лӯлаҳои об ва газ, хатҳои интиқоли барқ нишондиҳандаи тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар аст.

XS
SM
MD
LG