Ссылки доступа

Баррасии қазияи картошкаи қирғизӣ дар Остона


Дар шаҳри Остона сабаб ва омилҳои манъи воридоти картошкаи Қирғизистон ба Қазоқистон баррасӣ хоҳад шуд. Дар ин бора муовини сардори Бозрасии давлатии бехатарии байторӣ ва фитосанитарии Қирғизистон Руслан Бейшенқулов хабар додааст.

"Мо то ҳол санади расмие дар мавриди қарори манъи воридоти картошкаи Қирғизистон ба Қазоқистон аз ҷониби ҳамсоякишвар нагирифтаем. Бо вуҷуди ин, маҳдудият алакай иҷро шудааст. Имрӯз як гуруҳи мутахассисон барои гуфтугӯ бо ҷониби Қазоқистон дар ин бора ва санҷиши сабабҳои манъи воридоти картошкаи Қирғизистон ба Остона хоҳанд рафт", - гуфтааст Бейшенқулов.

Ба гуфтаи ӯ, аз аввали соли равон то ба ҳол 1400 тонна картошкаи Қирғизистон ба Қазоқистон содир гардида, ки аз ин миён танҳо 113 тоннаи он ба хотири заҳролуд будан дубора бозпас фиристода шудааст. Бейшенқулов таъкид мекунад, ки ин навъи заҳролудии картошка ба саломатии инсон зарар надорад ва он танҳо боиси аз байнравии худи маҳсулот хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, Вазорати кишоварзии Қазоқистон аз ибтидои моҳи майи соли равон воридоти картошкаи Қирғизистон ба ин кишварро муваққатан манъ карда, гуфт, ки ин иқдом ба хотири пешгирӣ аз воридшавии картошкаи заҳролуд гирифта шудааст. Тибқи иттилои манбаъ, гӯиё аз январи соли равон то ба ҳол 79 ҳолати воридшавии картошкаи заҳролуд аз Қирғизистон ба Қазоқистон мушоҳида гардидааст.

XS
SM
MD
LG