Ссылки доступа

Дари "Патриот" ба рӯи Путин боз нашуд


Владимир Путин, президенти Русия натавонист дари мошини "Патриот"-ро, ки корхонаи мошинсозии Улянск барои Вазорати дифои ин кишвар истеҳсол кардааст, боз кунад.

Ӯ талош кард дари мошинро аз ҷониби мусофир боз кунад, вале муваффақ нашуд.

Тавре "Интерфакс" хабар медиҳад, ба кумаки Путин сардори Раёсати асосии мошинҳои зиреҳпӯши Вазорати мудофиаи Русия Александр Шевченко омад. Вале дар натиҷаи зӯроварӣ ва беэҳтиётии вай дастаи дари мошин канда шуд.

Ба гуфтаи муҳандисон, дар барои он боз нашудааст, ки муҳаррики мошин фаъол набуд ва аз ин хусусияти сохтори мошин ҳангоми рӯнамоӣ фаромӯш кардаанд, ки президентро огаҳ созанд.

Владимир Путин рӯзи панҷшанбе ҷаласаи севумашро дар се рӯзи ахир бо намояндагони маҷмааи саноатии низомӣ баргузор кард. Дар пайи ин ҷаласа ба ӯ мошини истеҳсолкардаи корхонаи мошинсозии Улянскро нишон доданд, ки бо дархости Вазорати дифои Русия аз нав таҷҳизонида шудааст. Дар мошини "Патриот" метавон, гранатомёти зидди тонкӣ ва пулемеёти 12-миллиметрӣ насб кард.

XS
SM
MD
LG