Ссылки доступа

Ҷамола баъди пирӯзӣ дар "Евровидение-2016" ба Украина бармегардад


Сарояндаи украин Ҷамола, ки дар озмуни "Евровидение-2016" пирӯз шуд, дар як нишасти хабарӣ гуфт, саршор аз эҳсоси пирӯзиҳо як суруди нав эҷод карда ва қисме аз онро сароидааст.

Таронаи "1944", ки барои озмун эҷод шуда буд, ба бадарғаи тоторҳои Қрим дар солҳои Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ба Осиёи Марказӣ бахшида шудааст.

Номи аслии Ҷамола - Сусанна Ҷамолиддинова аст. Ҷамола дар Қирғизистон, ҷое ки хонаводаи вай замони хориҷ шудан аз Қрим маскан гирифтанд, ба дунё омадааст. Қисми хотимавии озмун аз шаҳри Стокҳолми Шветсия нишон дода шуд, ки наздики 200 миллион бинанда аз Аврупо, Чин, Австралия, Зеландияи Нав ва ИМА онро тамошо карданд.

Ҷои дувумро дар ин озмун сароянда Дэми Ин аз Австралия соҳиб шуд.

Ҷои севумро сарояндаи рус Сергей Лазарев бо касби 491 хол ишғол кард. Тибқи муқаррароти ин озмун, соли оянда "Евровидение" дар Украина баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG