Ссылки доступа

Тоҷикистон духтарони дорои ҳунари раҳбариро меҷӯяд


Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон бо ташкили як мактаби омӯзишӣ мехоҳад духтарони сарвар ва лидерро омода кунад. Шунавандагони ин давраҳои омӯзишӣ 30 донишҷӯдухтари аълохону фаъоланд ва дарси роҳбарӣ мегиранд.

Ба гуфтаи масъулини Кумитаи кор бо занон ин давраҳои омӯзишӣ дар доираи барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд” сурат гирифтааст.

Тасмими омодасозии қадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби духтарони ҷавон ба маснадҳои баланд дар ҳолест, ки аз қабули Барномаи давлатии баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа 10 сол сипарӣ мешавад.

Ҳоло 54 дарсади ҷамъияти Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд ва бо вуҷуди қабули чандин барномаи давлатии боло бурдани мақоми зан, мизони ҳузури “ҷинси латиф” дар тақсими мансабҳои давлатӣ бо мардон ҳатто баробар нест. Тибқи омори расмӣ, танҳо 27 дарсади курсиҳои раҳбарикунанда дар ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистонро занон ишғол кардаанд, аммо онҳо маъмулан на раҳбар, балки дар идороти давлатӣ ба мақоми муовин таъин мешаванд.

XS
SM
MD
LG